Забур
117:1 Эй ҳамаи халқҳо, Худовандро ҳамду сано гӯед, эй тамоми мардум!
117:2 Зеро ки марҳамати Ӯ нисбат ба мо бузург аст, ва ростии Худованд
то абад пойдор аст. Худовандро ҳамду сано кунед.